Барномаи «Ҷомеаи шаҳрвандӣ» -и Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон
барои ташкилотҳои ҷамъиятии вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ, бо мақсади мусоидат ба ҷамоаҳои маҳаллӣ дар ҳалли масъалаҳои рӯзмарра озмун эълон менамояд.
Афзалият ба лоиҳаҳое дода мешавад, ки
· ба талаботҳои амиқи ҷамоаҳои маҳаллӣ ҷавобгӯ ҳастанд;
· иҷроиши онҳо дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои давлатӣ ва сохторҳои тиҷоратӣ амалӣ мегарданд;
· фаъолиятро бо кӯдакон, ҷавонон, собиқадорони ҷангу меҳнат, маъюбон пешбинӣ менамоянд ва аҳолиро бо равиши лоиҳа ва бо натиҷаҳои амалӣ гаштани он огаҳ менамоянд;
· ба ҳалли масъалаҳои бекорӣ, камбизоатӣ ва бозгашти муҳоҷирон алоқаманд ҳастанд.
Ба озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод бояд кард:
· Варақаи унвони Маромнома дар бораи гирифтани грант;
· Мактуб-маромнома (то 3 саҳифа) барои иштирок дар озмун, ки мақсад ва вазифаҳои лоиҳа, мазмуни мухтасари он, иттилоот дар бораи шарикони лоиҳа ва саҳми онҳо, иттилоот оиди лоиҳаҳои амалигашта дар доираи ҳамкории иҷтимоиро, дарбар мегирад.
Буҷети дархостшаванда то 4 000 доллари ИМА
Мӯҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо 23 апрели соли 2009
Маълумоти иловагиро бо суроғаи зерин гирифтан мумкин аст:
- Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон,
ш. Душанбе, кӯч.Бохтар 37/1, Маркази тиҷоратии "Vefa" тел: 441-07-28,441-07-45, 227-55-58 е-mail: mavjigul@osi.tajik.net Этот e-mail защищен от спам-ботов. Для его просмотра в вашем браузере должна быть включена поддержка Java-script
- ТҶ Маркази иттилоотӣ-таълимии «Фуруғ», ш. Хуҷанд, кӯч. Ленин 52, тел.: 918166063, е-mail: furoug@gmail.com Этот e-mail защищен от спам-ботов. Для его просмотра в вашем браузере должна быть включена поддержка Java-script
Хуҷҷатҳое, ки бо вайрон кардани шартҳои Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, дар ҳаҷми пурра нестанд, ё баъди мӯҳлати нишондодашуда расидаанд, баррасӣ карда намешаванд. Натиҷаҳои озмун ба довталабон хабар дода мешавад, сабабҳои рад кардани дархостҳо хабар дода намешаванд. Ба дархостҳо тақриз навишта намешавад. Маводҳои ба озмун пешниҳодшуда баргардонда намешаванд. Хуҷҷатҳо ба шакли электронӣ низ қабул карда мешавад.
|